歌词
Имшаб шаби арӯсӣи ҷононаи ман аст
Марги муҳаббату дил девонаи ман аст
Эй шаҳри ишқ чун дили ман гаштаи хароб
Мавои ту ба синаи вайронаи ман аст
Имрӯз ҳар нафас ки занам сар ба ҳар даре
Дар гуфтугӯи қиссаву афсонаи ман аст
Базми арӯсӣи ту садо медиҳад баланд
Бо нолаи хамӯш ки дар хонаи ман аст
Имшаб нишот бо хоҳам гирифта ба зор
Шодӣ бимурд дар дилам аз ман шуди ҷудо
Бар зинда буданам пас аз ин бовари куҷост
Аз дарди ҷонгудози ту ҷонони бевафо
Хоҳам ки шод бошаму гӯям муборакат
Шодӣ куҷоки тӯйи ту ғамхонаи ман аст
Аммо зи рӯи одати тифлонаам ҳанӯз
Рӯй медиҳам ба меҳр ки паймонаи ман аст
Шодон бимон ай ишқи нокоми ман
хоки саранҷоми манумеди ман
Ман зиндаам бо дарди дерини ту
бо ёди ширини туазизи ман
Заҳмеки дар вуҷуди ман бошад зи дасти ту
Бо ҷони ғам расидааст аз чашми масти ту
Гулбоғи боварам шуда пажмурда нозанин
Шоҳи гули муҳаббати моро шикасти ту
Бо ин ҳама муҳаббатам рафти ту беасос
Дар пайкарам ниҳода ғаму дарди беқиёс
Гуфтам ки меравию фаромӯш мешави
Шоми арӯсӣят шаби маргам шуду халос
Имшаб тамоми зиндагӣ баргашта пахш шуд
Аз рӯзу шаб гузаштанам сахти сар шуд
Имшаб насиби дигари монанди ахтаре
Аз ҳасратат замину замон лахт- лахт шуд
Рӯҳат сафед рӯзи маро кардаи сиёҳ
Меҳри ман аз қазову қадамгорат дар нигоҳ
Рӯзе агар ба пурсиши ман омади бубин
Дар хоки ман ғами ту дамидааст чун гиёҳ
Шодон бимон ай ишқи нокоми ман
хоки саранҷоми манумеди ман
Ман зиндаам бо дарди дерини ту
бо ёди ширини туазизи ман
专辑信息
1.Faryodi Be Sado (feat. Shahriyor Barotov)
2.Dardi Jonkoh
3.Jonona
4.Ya Pomnyu
5.O Layli
6.Popurri
7.Teghi Panjhoyat
8.Soda Soda
9.Ohi Dili Zori Man (feat. Ismoiljon Ismoilov)
10.Zarafshoni
11.Avvalin Didor
12.On Sui Ghamho
13.Shirin
14.Samarqand
15.Layli Layli
16.Dunyoi Beparvo
17.Anore
18.Be Tu Horam
19.Begoh Shud
20.Gharibi
21.Gham Doram
22.Bulhavas Nayam
23.Khumori
24.Ohi Afsus
25.Bui Non